Афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тамошои Осорхонаи миллӣ омаданд

Июнь 23, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 23.06.2024 АМИТ «Ховар»/. Беш аз 50 нафар афсару сарбози яке аз қисмҳои   ҳарбии Гвардияи миллӣ   ба  тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон омада, дар ин ҷо нахуст  бо гӯшаи доимоамалкунанда бахшида ба  Ваҳдати миллӣ  шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки  Осорхонаи миллӣ ҳамчун осорхонаи марказӣ як сабақгоҳ ва ганҷинаи мероси таърихию фарҳангӣ аст.  Дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дар радифи дигар мавзуъҳо,  гӯшаи доимоамалкунанда бахшида ба Ваҳдати миллӣ ороста шудааст. Дар он нигораҳо ва аксҳои гуногуни инъикоскунандаи давраҳои музокирот ва расидан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта  шудаанд. Хусусан, аксҳои гуногун аз рафти музокирот дар мамлакатҳои Русия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардида, пешниҳод шудаанд.

Барои  ҳайати афсарону сарбозон сайрҳои осорхонавӣ  ташкил гардида, онҳо дар  толорҳои намоишӣ бо ёдгориҳои нодири таърихии ниёгон аз наздик шинос гардиданд.

Ташкили сайри осорхонавӣ  дар Осорхонаи миллӣ ба ҳайати афсарону сарбозон имкон медиҳад, ки то дар замирашон ҳисси баланди миллӣ, ифтихор ва эҳтирому арҷгузорӣ ба осори таърихию фарҳангии ниёгон ташаккул ёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 23, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд