Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Кӯлоб» имсол дар 1900 гектар пахта кишт намудааст

Июнь 17, 2024 11:28

КӮЛОБ, 17.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Кӯлоб» дар ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ ва Зарбдори шаҳри Кӯлоб имсол 1900 гектар чигит кишт намуд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар заминҳо навъҳои пунбадонаи лотос, бухоро ва дигар навъи ба иқлими минтақа мувофиқ кишт гардидааст, ки дар айни замон нашъунамои хуб доранд.

Ба иттилои масъулин, аз рӯзи аввали кишти пунбадона ва  барои дар сатҳи баланд ва босифат ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ корҳои агротехникӣ бо тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.

Дар айни замон дар майдони кишти пахта корҳои нармкунӣ бо трактор, додани нуриҳои минералӣ ва обмонӣ идома доранд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2024 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад