Дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои чашм дар Тоҷикистон аз ҷониби табибони Чин ҷарроҳии ройгони чашм гузаронида мешавад

Июнь 5, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 май то 18 июни имсол дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои чашм»  аз ҷониби табибони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарроҳии ройгони катарактаи чашм барои 500 бемори ниёзманд гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин иқдом зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони барномаи «Сайёҳии равшан, Экспресс – саломатӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 18 апрели имсол доир шуда буд,  бо мақсади гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва Кумитаи давлатии Чин оид ба тандурустӣ созишнома баста шуд.

Дар ин робита аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи корӣ оид ба муайян намудани шумораи дақиқи нафарони ниёзманд ба ҷарроҳӣ ташкил гардид.

Имрӯз зимни вохӯрӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва масъулони соҳа бо роҳбари барномаи «Сайёҳии равшан, Экспресс – саломатӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Тан Яосзун иброз гардид, ки дар доираи барнома ҳамҷун кумаки башардӯстона таҷҳизот ба маблағи 1 миллион юан тақдим мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳии чашм, яъне катаракта тариқи ройгон то 18 июн ба Муассисаи давлатии “Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои чашм” муроҷиат намоянд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад