Дар Душанбе тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи миллии сиёсати хориҷии Амрико баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн вохӯрии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Мудири иҷроияи Кумитаи миллии сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Сюзан М. Эллиотт баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиётро мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлия.
Зимни мулоқот доир ба талабот барои ширкатҳое, ки ба имконияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ва ҳавасмандӣ зоҳир мекунанд, маълумот дода шуд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ оид ба сармоягузории ҷорӣ дар Тоҷикистон, аз қабили «Anzob/Comsup», «GE», «Coca Cola» ва дигар масъалаҳое, ки ба манфиати тарафҳо равона шудаанд, маълумот дода шуда, ин масоил мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва мутақобилан судманд доир шуда, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои боз ҳам вусъат додани ҳамкории дуҷониба тадбирҳои мушаххас андешанд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






