Дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғар парвози нахустин амалӣ гардид

Июнь 8, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 июн дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» парвози нахустин дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ин ҷамъият иттилоъ доданд.

Роҳбарият ва гурӯҳи кории ширкати ҳавопаймоии «Chandu — Airlines»-и Чинро, ки ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд омаданд, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбони Алимардон ва роҳбарону намояндагони хадамоту сохтори фурудгоҳ дар фазои дӯстиву рафоқат самимона истиқбол гирифтанд.

Зимни қабули меҳмонон таъкид шуд, ки роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ густариш дода, хатсайрҳои ҳавоиро бештар намояд.

Парвоз дар хатсайри нави самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар ҳафтае як маротиба аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба Фурудгоҳи байналмилалии Қоши-Лайнин, ки дар ноҳияи худмухтори Қошғари музофоти Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгир аст, амалӣ мешавад. Вақти парвоз 1,5 соат буда, ба мусофирон дар ин масир ширкати ҳавопаймоии «Chandu — Airlines» хизмат мерасонад.

Минбаъд мусофирон метавонанд пас аз парвоз ба шаҳри Қошғар ба дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи кам тавассути ҳама намуди нақлиёт сафар намоянд.

Таъкид шуд, ки минбаъд шумораи парвозҳо дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғар зиёд карда мешавад.

АКС: Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Июнь 8, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид