Дар шаҳри Минск ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи кишоварӣ баррасӣ гардид

Июнь 5, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Минск вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории дуҷонибаи давлатҳо дар соҳаи кишоварӣ мубодилаи афкор намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус созишномаҳо оид ба ҳамкории мутақобилан судманд байни бахшҳои давлативу хусусӣ ба имзо расонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва Беларус, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва бахшҳои хусусии ду ҷониб иштирок намуданд.

Тафсилоти бештари хабар нашр мегардад.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 110 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ сохта мешавад
Душанбе мизбони ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз мегардад
Ҷаласаи 21-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) оид ба савдо доир шуд
Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ гардид
Хоҷагидорони ноҳияи Вахш аз як замин чанд ҳосил ба даст меоранд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд
Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Канзи Диёр», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид