ЭҲТИЁТ- НИМИ ҲАЁТ! Аз аввали соли равон дар Тоҷикистон 66 нафар ғарқ шуданд

Июнь 20, 2024 08:49

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали соли равон то имрӯз дар обҳои мамлакат 66 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо наврасони то 16-сола мебошанд. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, дар ҷойҳои махсус ҷудошуда (соҳилҳо) оббозӣ кунанд, танҳо ва шабона шино накунанд, инчунин волидон кӯдаконро дар соҳили обанборҳо беназорат нагузоранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дирӯз, 18 июн дар кӯли Комсомоли шаҳри Нораки вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ навраси 16-солаи сокини деҳаи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагон пас аз анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ, соати 19:10 ҷасади ҷавонро пайдо намуда, ба кормандони милитсия супурданд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои истироҳатӣ — 16 ва 17 июн дар Тоҷикистон се кӯдак дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2 сола мешуд.

16 июн, соати 13:20 дақиқа як сокини 10-солаи деҳаи Худгифи Ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд. Баъди дарёфти маълумот, корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ оғоз гардида, ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Ҳодисаи дуввум дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд рух додааст. 16 июн, соати 17:40 як сокини 15-солаи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳаи Обурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали «Тоҷикистон» ғарқ шудааст.

Пас аз гирифтани маълумот, наҷотдиҳандагони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд. Соати 19:10 ҷасади наврасро пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ҳодисаи сеюм дар ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шудааст. Фоҷиа 17 июн, соати 05:00 рух додааст. Сокини тақрибан дусолаи деҳаи Балхаки Ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш ба ҷӯйборе, ки аз паси хона мегузарад, сарозер шуда, ғарқ шудааст.

Сабаби аслии ба вуқуъ омадани ин фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон мебошад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли оила ва наздикони ҳалокшудагон изҳори таслият намуда, аз сокинон хоҳиш мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 20, 2024 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст