Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилали соҳиби ҷойи дуюм шуданд

Июнь 19, 2024 09:41

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «GENUIS» дар байни 67 давлати дунё сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Олимпиадаи байналмилалии «GENUIS» Тоҷикистонро 3 нафар наврас- Шаҳзод Алиакбаров, Имрон Одинаев ва Маҳмадсаид Фариддунзода аз муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ аз рӯйи категорияи «Genius Robotics» муаррифӣ намуданд.

Олимпиадаи байналмилалии «GENUIS» аз 10 то 14 июни соли равон дар Донишкадаи технологии Рочестери шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардида, аз рӯйи 8 равияи фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (лоиҳасозӣ) хонандагони синфҳои 8-12 бо фарогирии зиёда аз 3643 иштирокчӣ, аз 67 давлати дунё ва 34 шаҳри Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳам сабқати илмӣ намуданд.

Дар олимпиада  2557 лоиҳа аз 8 категория, аз ҷумла категорияи роботик 63 лоиҳа, санъати тасвирӣ 578 лоиҳа, мусиқӣ 62 лоиҳа, видеоролик 138 лоиҳа, табиатшиносӣ 1014 лоиҳа, тиҷорат 140 лоиҳа, кодинг 105 лоиҳа ва маҳорати нависандагӣ 457 лоиҳа байни 1065 нафар ғолибони даври ниҳоӣ баргузор гардид.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 19, 2024 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд