ИҚДОМИ МОДАРОН. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ онҳо ба дидорбинии сарҳадбонон рафтанд

Июнь 19, 2024 15:27

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ занон- модарон дар шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба дидорбинии сарҳадбонон рафта, барои муҳофизони Ватан дастурхони идона густурданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби шуъбаи занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ташкил гардида, ҳадафи он дастгирии моддию маънавӣ ва таъмини ҳавасмандию руҳбаландсозии сарҳадбонон дар шаҳри Исфара мебошад.

Меҳмонон аз макони хизмату истироҳат, тамрингоҳҳо, анбори нигаҳдории маводи озуқа ва хобгоҳи ҳайати шахсии қисми низомӣ дидан намуда, бо шароити будубоши аскарон аз наздик шинос шуданд.

Ҳамзамон занони барнодил доир ба далерию шуҷоатмандии сарбозону афсарони тоҷик сари дастурхони идона андешаҳояшонро баён намуда, таъкид намуданд, ки ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи ҷонӣ ва пуршараф барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус маҳсуб мешавад. Занони рӯзгордида соате бо аскарону афсарон ҳамнишин шудаву ҳамзамон бо арзи сипос барои хизмати шоистаашон онҳоро ба дӯстдории Ватан ва гиромидошти хоку марзу буми аҷдодӣ ҳидоят намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Июнь 19, 2024 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид