ИМРӮЗ — РӮЗИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ДАР ҶАҲОН. Бахшида ба ин сана дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Июнь 23, 2024 09:21

ДУШАНБЕ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар ҷаҳон Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/  таҷлил  мегардад. Дар иртибот ба ин сана дар шаҳри  Душанбе бо  ибтикори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори хизмати давлатии муосири Тоҷикистон» баргузор гардид, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии хизмати давлатӣ.

Дар конференсия директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов иброз намуд, ки тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 2002 санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии давлатҳои Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мегардад. Ҳамасола давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯз чорабиниҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва нақши он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳоро арзёбӣ мекунанд.

Гуфта шуд, ки ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими истиқлоли давлатӣ, бунёди низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо алоқамандии зич дорад.

Таъкид гардид, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии таълимие мебошад, ки дар тайёр намудани хизматчиёни давлатии касбӣ ва рушди хизмати давлатии муосир саҳми назарраси худро мегузорад. Ҳамасола зиёда аз ҳазор нафар донишҷӯю магистрант академияро аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни хизмати давлатӣ хатм намуда, зиёда аз се ҳазор нафар хизматчии давлатӣ аз машғулиятҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешаванд.

Роҳбарияти академия барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, талош бар он дорад, ки мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир омода гарданд ва онҳо тавонанд дар пешравии ҷомеа нақши муассири худро гузоранд.

Дар рафти конфронс меҳмонону намоянагони ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, собиқадорони хизмати давлатӣ ва коршиносони соҳа  доир ба рушди хизмати давлатӣ, нақши хизматчиёни давлатӣ дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ҳадафҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъмини зиндагии арзандаи сокинон, саҳми ҷавонону занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии давлат, ҳамзамон расидан ба қадри сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ сухан намуданд.

Дар ҷамъбасти конфронси ҷумҳуриявӣ бо фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра хизматчиёни давлатӣ барои саҳми муносиб гузоштан дар рушди хизмати давлатӣ бо ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2024 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд