Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ба узвияти CANSO пазируфта шуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2024/АМИТ «Ховар»/. Таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANSP)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон — Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ба узвияти Ташкилоти хизматрасониҳои аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) пазируфта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин корхона.
Директори генералии CANSO Симон Хоккар дар 28-умин Маҷлиси умумии солонаи (AGM) ташкилоти мазкур изҳор намуд, ки «мо аз пазируфта шудани Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамчун узви CANSO шодем. Таҷриба ва уҳдадориҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар таъмини хизматрасониҳои бехатар ва самараноки аэронавигатсионӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҷидду ҷаҳди муштараки мо дар роҳи беҳтар намудани фазои авиатсионии ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким хоҳад бахшид. Мо бесаброна иштироки фаъолонаи корхонаро дар фаъолият ва ташаббусҳои CANSO интизорем».
Муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода гуфт, ки шомил шудан ба CANSO ба ҳайси узви комилҳуқуқ имкон медиҳад, ки иқтидори худро тақвият бахшем, таҷрибаи пешқадамро мубодила ва ҳамкориро таҳким бахшем.
Узвияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ба СANSO дар маҷмуъ ба мақомоти авиатсионии Тоҷикистон баманфиат аст ва тасмими мазкур уҳдадориҳои корхонаро барои нигоҳ доштани стандартҳои баландтарини хизматрасонии аэронавигатсионӣ ифода менамояд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






