ЛИБОСИ МИЛЛӢ — МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Суратгузориш аз иқдоми вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ манзур мегардад

Июнь 20, 2024 15:26

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Либоси миллӣ-бозгӯи ҳуввияти миллӣ» аксияи вилоятӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадагон иброз доштанд, ки аз қадимулайём гузаштагони мо бо пӯшидани либоси миллӣ, ки он як ҷузьи муҳими фарҳанг маҳсуб шуда, миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд, ифтихор доштанд ва мо низ бояд ба ин мероси ниёгон арҷ гузорем.

Дар ҳамоиш ёдоварӣ шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем».

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин ҳамоиши бонувон манзур мегардад.

 

Таҳияи Зоҳирҷони Тоирзод,
АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2024 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Суратгузориши АМИТ «Ховар»
СУРАТГУЗОРИШ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон писанди иштирокдорон ва меҳмонони Намоишгоҳи «Gulfood 2025» гардид
СУРАТГУЗОРИШ. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо мавзеи обанбори НБО –и «Роғун» шинос шуданд
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷашни Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи авиатсияи тоҷик дар шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
САЁҲАТИ ТОҶИКИСТОН — ҲАДАФИ МО! Суратгузориши АМИТ «Ховар» доир ба таассуроти меҳмони хориҷӣ пас аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби мамлакат
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ МУОСИР. Суратгузориш аз зебогиҳои пойтахти Тоҷикистон
Иштирокдорони Раванди оби Душанбе ба тамошои Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Суратгузориш аз боздиди меҳмонон-иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон