Мутахассисони соҳаи синамои тоҷик дар Донишкадаи давлатии умумирусиягӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 нафар довталаб имкон дорад, ки дар оянда аз рӯйи ихтисосҳои коргардонӣ, наворбардорӣ, рассомӣ, пардозгарӣ, филмноманависӣ, мутахассиси оташбоз ва дигар касбҳои зарурии соҳаи синамо дар коргоҳи ҳунарпешагии Тоҷикистон, ки дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов таъсис дода шудааст, таҳсил намоянд. Ин матлаб 19 июн зимни вохӯрии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо роҳбари намояндагии Маркази фарҳангию ҳамкории Русия дар Тоҷикистон Андрей Патрушев доир шуд, баён гардид. Дар ин ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография коргоҳи ҳунарпешагӣ аз ҷониби Тоҷикистон таъсис дода шуд ва довталабон дар он ҷо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Соли равон ба 15 нафар довталаб аз Тоҷикистон имкон дода мешавад, ки дар асоси бурсияҳои Агентии федералии Русия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар коргоҳи ҳунарпешагии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография дар давраи таҳсили солҳои 2024-2025 маҳорати ҳунарпешагиро аз худ намоянд.
Дар вохӯрӣ масъалаи тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа дар муассисаҳои таълимии ихтисосии театру синамои Русия, аз ҷумла таҳсили довталабон аз Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов, баргузории чорабиниҳои синамоӣ ва дигар масоили марбут ба соҳаи синамо мавриди баррасию таҳлил қарор дода шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






