РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об зимни нишасти матбуотӣ натиҷагирӣ гардид

Июнь 12, 2024 20:30

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва намояндагони давлатҳои иштирокчии   Конфронси  сатҳи баланд натиҷагирӣ карда шуд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки давоми се рӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи об ҷалб намуд. Он дар татбиқи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қадами муассир мебошад ва  барои баргузории Конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид-2026 замина фароҳам меорад.

Иброз гардид, ки Конфронси сатҳи баланд бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд гузаронида шуд. Тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 аз ҳадафҳои асосии конфронс мебошанд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланди Душанбе муваффақиятҳои бадастомадаи Конференсияи оби Созмони Милали Муттаҳид-2023-ро таҳким бахшиданд ва ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат намуд.

Гуфта шуд, ки дар доираи Раванди оби Душанбе 9 Форум, аз ҷумла Форуми парламентарҳо, Форуми ҳифзи пиряхҳо, Форуми занон ва об, Форуми бахши хусусӣ, Форуми оби Африқо, Форуми наврасон ва ҷавонон, Форуми ташкилотҳои ҳавзавӣ, Форуми илм ва технология, Форуми Осиёи Марказӣ ва 5 муколамаи интерактивӣ, 15 чорабиниҳои канорӣ гузаронида шуд. Инчунин дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали обу пиряхҳо, барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва иқтидори саноативу кишоварзии Тоҷикистон пешниҳоди иштирокчиёни конфронс гардонида шуд.

Дар конфронс масъалаҳои муҳими марбут ба обу иқлим, ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмуъ рушди устувор баррасӣ шуда, тафсияву пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид  Ли Ҷунҳуа  доир ба натиҷаҳои муваффақонаи Конфронси сатҳи баланд  ибрози назар намуда, онро дар самти  тақвияти ҳамкорӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, баргузории Конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид-2026  муассир унвон намуд.

 

Марзия САИДЗОДА,
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2024 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд