Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Ноиби Президенти Ангола Сперанса Мария Эдуарду Франсишку да Кошта мулоқот намуд

Июнь 12, 2024 17:54

ДУШАНБЕ, 12.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ангола Сперанса Мария Эдуарду Франсишку да Кошта мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот аз сатҳи робитаи дуҷонибаву бисёрҷониба ҳавасмандӣ зоҳир намуда, равнақ бахшидани ҳамгироиро дар оянда зарур шумориданд.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Ангола яке аз кишварҳое мебошад, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистонро дар масъалаи обу иқлим ҷонибдорӣ намуда, дар баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ саҳми худро гузошт.

Июнь 12, 2024 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард