Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Нуробод бо ҷараёни корҳои бартарафсозии офати табиӣ ва раванди тадбирҳои ободонӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 17-18 майи соли равон бар асари бориши аз меъёр зиёди борон ва омадани сел роҳу пул, хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ, иншооти обрасонӣ ва дигар биноҳои хоҷагии халқи ҳудуди ноҳияҳои минтақаи Рашт қисман зарар дида буд.
Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саривақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба зарардидагон, гурӯҳи корӣ ташкил гардида, бо ҷалби техника ва саҳми сокинон корҳои бартарафкунӣ идома дорад.
22 июни соли равон дар асоси супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ҷараёни корҳои бартарафсозии офати табиӣ ва раванди тадбирҳои ободонӣ дар ноҳияи Нуробод шинос шуд.
Дар натиҷаи офати табиӣ роҳи автомобилгард, хонаҳои истеқоматии деҳаи Яхак, ду пули мошингузар ва дигар иншоот дар ноҳияи Нуробод хароб гардид.
Бо истифода аз техникаҳо сангу шағал саривақт тоза карда шуда, барои кӯчонидани 22 оила ва таъмини онҳо бо манзилҳои нави истиқоматӣ кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз масолеҳи сохтмонӣ иборат буд, расонида шуд.
Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки бартарафсозии оқибати офати табиӣ, расонидани кумак ба оилаҳои зарардида ва таъмини шароити беҳтари зиндагӣ дар заминаи таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда, аз ҷумла хонаҳои нави истиқоматӣ, пули мошингузар, роҳ ва дигар инфрасохтори лозима тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ин доира зарур шуморида шуд, ки ду пули харобгардидаи ҳудуди деҳаи Ёнури ноҳияи Нуробод ва наздики 500 метр роҳи мошингард аз нав сохта шуда, дар кутоҳтарин муҳлат барои рафтуомади беманонияти сокинон шароити хуб таъмин карда мешавад.
Дар идома Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо лоиҳаи бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ шинос шуд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Гардангаи ноҳияи Нуробод қитъаи замин барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ ҷудо гардида, дар инҷо тибқи лоиҳа, ба оилаҳое, ки хонаҳои истиқоматияшон пурра аз офати табиӣ зарар дидаанд, манзилҳои истиқоматии замонавӣ бо тамоми шароит сохта шуда, ҳамзамон барои сокинон роҳ ва дигар иншооти замонавӣ марҳила ба марҳила сохта ба истифода дода мешавад.
Ҳамзамон роҳи мошингард ва иншооти обрасонии ҳудуди ноҳияи Нуробод, ки дар даромадгоҳи ноҳияи Рашт ҷойгир аст, пурра навсозӣ ва сифати хизматрасонӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида мешавад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар идома аз фаъолияти боғи интенсивии «Пайванди Рашт» шинос шуд.
Боғи интенсивии «Пайванди Рашт» дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, дар он себ, нок, олу, хуч ва дарахтони ороишӣ шинонида шудаааст, ки ҳамасола аҳли заҳмат ҳосили онро дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод менамояд. Барои истифодаи самараноки замин дар байни қаторҳои боғ картошка ва сабзавот кишт гардидааст, ки нашъунамои хуб дорад.
Дар шаҳракаи Дарбанди ноҳияи Нуробод ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои ободонӣ идома дорад. Айни ҳол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» корҳои сохтмонӣ дар бинои мактаб барои 640 хонанда, бинои мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия, «Сохтмони марҳилаи дуюми боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ва дигар иншоот идома дошта, бештари иншооти ҷашнӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Муассисаи таълимӣ 3 ошёна буда, он дорои 30 синфхонаи замонавӣ, биноҳои ёрирасон ва майдончаи варзишӣ мебошад. Бинои мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Нуробод 3 ошёна буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин карда мешавад.
То имрӯз ҳамаи синфхонаҳо пурра таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, иншоот барои истифодабарӣ омода мебошад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамзамон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бо корҳои сохтмонӣ ва анҷомёфтаи марҳилаи дуюми боғи фарҳангӣ-фароғатӣ шинос шуд. Иншооти мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардида, дорои шароити мусоид барои истироҳат ва фароғати сокинон мебошад.
То имрӯз корҳои сохтмонии амфитеатр барои 250 ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ барои 40 ҷойи нишаст, қаҳвахона барои 12 ҷойи нишаст, васли 5 аттраксион, 2 майдончаи хурди варзишӣ барои бозиҳои футбол ва теннис, 8 айвончаи сояафкан, 2 фаввораи замонавӣ, 2 таваққуфгоҳи автомобилӣ ва тадбирҳои кабудизоркунӣ бо шинонидани дарахтони сояафкан ва буттаҳои ҳамешасабз ба анҷом расонида шудааст.








Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






