Ҳукумати Тоҷикистон дар 7 соли минбаъда ҷиҳати то 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ вазифадор гардидааст

Июнь 11, 2024 14:22

ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Танҳо дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта ба истифода дода шуд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ  2827 муассисаи тиббӣ сохта шуда, ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Дар ин хусус  зимни суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои миллии рушд, ки 10 июни соли равон  дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки маблағгузории соҳа  мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии  мамлакат  бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар гардида истодааст.

«Феҳристи ягонаи миллии иттилоотии оилаҳои камбизоат ва шахсони маъюб дар мамлакат  ташкил ёфта, барои дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ дар 7  соли охир қариб 22 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Инчунин, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст»,- тазаккур доданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки  «васеъ гардидани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ба фарогирии пурраи аҳолии мақсаднок бо ваксинаҳои ба барномаҳои миллӣ дохилшуда, кам шудани шумораи гирифторони бақайдгирифташудаи бемории сил ба 26 фоиз ва шумораи сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба 19,5 фоиз мусоидат намуд. Дар натиҷа тайи солҳои 2015 – 2022 фавти модарон 70 фоиз ва кӯдакон 36 фоиз коҳиш ёфта, дарозумрии миёнаи аҳолӣ то 76,3 сол боло рафт.Дар ин давра суръати афзоиши солонаи аҳолӣ 2,3 фоизро ташкил намуда, аҳолии Тоҷикистон аз 8,5 миллион ба беш аз 10 миллион нафар расид, яъне нисбат ба соли 2015 қариб 20 фоиз зиёд гардид».

Вобаста ба ин,  Пешвои миллат   зарурати бунёди муассисаҳои нави иҷтимоӣ, бахусус, иншооти таълимию тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки сарбориро ба буҷети давлатӣ зиёд намуда истодааст, таъкид намуданд.

Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки  тибқи  Стратегияи миллии рушд баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ аз 22,4 фоизи соли 2015 то 50 фоиз дар соли 2030 пешбинӣ гардида, Ҳукумати мамлакат дар 7 соли минбаъда ҷиҳати то 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ вазифадор гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид