Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Салтанати Уммон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонад

Июнь 13, 2024 14:39

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Уммон санади Ёддошти тафоҳуми дуҷонибаи ҳамкорӣ омода ва ба имзо расонида мешавад. Ин матлаб 11 июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Уммон Сауд бин Ҳамуд бин Аҳмад Ал-Ҳабси доир шуд, баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишовразии мамлакат иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бунёди «Боғи дӯстӣ» як миқдор ниҳоли зардолу ба Салтанати Уммон ирсол карда мешавад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади омӯзиши имконияту иқтидори тарафайн гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуда, ҷаласаҳои корӣ мунтазам доир карда мешаванд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои содироти меваҳои тару тоза ва хушкмеваҳо, ҳамкорӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва табодули таҷриба байни олимону донишҷӯёни давлатҳо муболидаи афкор доир шуд.

Вазири кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Уммон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи соҳибкоронро барои иштирок дар намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, ки моҳи декабри имсол дар салтанати Уммон баргузор мегардад, даъват намуд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2024 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид