13-14 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел ва чангу ғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 11.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, 11-12 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад. Ҳамчунин 13-14 июл дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии ҳаво, чангу ғубор дар назар аст. Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар ҳолати ба амалоии чангу ғубор зуд-зуд бо латтаи намнок манзили истиқоматиашонро тоза кунанд.
Масъулини Кумита ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, эҳтиёткор бошанд.
Ҳамчунин Кумита огоҳ менамояд, ки ин ҳаво ба беморони гирифтори касалиҳои диабети қанд, дилу раг ва гипертония метавонад мушкилот эҷод кунад. Аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки ҳавои манзили худро пайваста тоза намуда, дар ҳолати зарурӣ пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






