22 июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мегарданд

Июль 17, 2024 15:46

ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 22 июл вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи якуми соли 2024 нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, тибқи он нишастҳои матбуотӣ 22 июл оғоз гардида, 9 август ба анҷом мерасанд.

Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Июль 17, 2024 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад