5750 метр доманакӯҳҳои ҳудуди Хоруғ зинакунонӣ гардонида шуд
ДУШАНБЕ,17.07.2024/АМИТ «Ховар»/. 5750 метр доманакӯҳҳои ҳудуди шаҳри Хоруғ бо ҷалби сармояи хориҷӣ зинакунонӣ гардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Ин тадбир дар асоси нақша — чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ андешида шуда, бо мақсади ҳифзи манзил ва ҳаёти сокинон аз хатари офтаҳои табиӣ, аз қабили фаромадани тарма, сангреза ва омадани сел амалӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки 2900 метр доманакӯҳҳои ҳудуди шаҳри Хоруғ дар доираи Лоиҳаи «Устуворгардонӣ тавассути рушди ҳамгироии шаҳрӣ» ва 2850 метр дар доираи Лоиҳаи «Устуворгардонии шаҳри Хоруғ» зинакунонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






