Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба 365 миллион сомонӣ расонида шуд

Июль 17, 2024 18:30

МАСТЧОҲ, 17.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 365 млн. 967,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63 млн. 276,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 120,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби полезӣ, ғалла, гӯшти паранда, чорводорӣ, шир, сабзавот ва зироати хӯроки чорво афзоиш ёфтааст.

Кишоварзони ноҳия соли 2024 дар майдони 26588 гектар кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро ба роҳ мондаанд, ки аз он дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ дар майдони 2792,8 гектарашро ғалладонагиҳо, 12099 гектар пахта, 1831,8 гектар зироати равғандор, 67,7 гектар картошка, 212,8 гектар сабзавот, 2402,5 гектар полезӣ ва 4182,1 гектарашро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад.

АКС аз бойгонӣ

Июль 17, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд