Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш меёбад

Июль 17, 2024 15:28

ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо барои ҷудо намудани қарзҳои бебозгашт ва имтиёзнок омодаи ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон мебошад. Ин матлаб зимни баргузории ҷаласаи 11 — уми Кумитаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки 16 июл доир гардид, баён шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни баргузории ҷаласа доир ба масъалаи ҷалби бештари маблағҳои грантию қарзҳои имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноату сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои минтақавӣ, ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо сол то сол рушд ёфта, ба сатҳи баланд расиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои қайдгардида мухтассар маълумот дода, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи сабз, бахусус сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.

Инчунин вобаста ба манфиатҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аз Иттиҳоди Аврупо даъват карда шуд, ки барои сохтмони ин иншооти бузург маблағ ҷудо намояд.

Дар доираи ҷаласаи мазкур вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати расмии Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии сарпарасти кишварҳои Осиёи Марказӣ/Сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Люк Девин баргузор гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои номбаршуда изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 17, 2024 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»