Дар Бадахшон бо иштироки ҳайати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 30-солагии таъсиси Шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагон, маҳфили адабӣ баргузор шуд, ки дар он як зумра шоирон ва нависандаҳои тоҷик иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки ҳайати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чанд рӯз аст, ки дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа бо мардум суҳбату вохӯриҳои ҷолиб ва самимӣ анҷом доданд.
Ба таъкиди иштирокчиёни маҳфил имрӯз мардуми Бадахшон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ-35 –солагиии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар пешрафти вилоят саҳми арзанда мегузоранд. Шоирону нависандагони маъруфи мамлакат изҳор доштанд, ки аз дастоварҳои вилоят дар чанд соли охир изҳори хушнудӣ намуданд. Дар маҳфили адабӣ таъкид шуд, ки шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон самараи даврони истиқлолият буда, соли 1994 дар заминаи маҳфили «Адибони Бадахшон» таъсис дода шудааст. Дар ин муддат барои ба камол расидани эҷодкорони ҷавон корҳои муҳимро ба анҷом расонидааст.
Сипас аҳли адаб аз ашъори пурғановати худ шеърҳои ватандӯстонаро қироъат карда, иштрокдоронро ба худшиносӣ ва ифтихор аз ин сарзамини ободу осуда даъват намуданд. Як зумра зумра шоирони Бадахшон бо «Ифтихорнома»-и Раиси вилоят ва медалҳо қадр карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ










Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






