Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд

Июль 19, 2024 12:30

ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар хошияи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр доир гардид.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ва масоили рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссия баррасӣ шуд.

Иброз гардид, ки ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи хосса дорад ва ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.


Сипас кори ҷаласаи навбатии Комиссияи муштаракии байниҳукуматӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қазоқистон идома ёфт.

Дар ҷаласа масоили рушди минбаъдаи ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва фаъолияти бонкӣ, нақлиёт, обу энергетика, кишоварзӣ, гумрук, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳайатҳо ҳамчунин доир ба муҳимтарин масоили ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Тавре таъкид гардид, дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар тамоми соҳаҳо рушди бемайлон пайдо намуда, натиҷаҳо дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ назаррас мебошанд.


Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 1 миллиарду 148 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил намуда, дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 Қазоқистон бо ҳиссаи 13,8 фоиз ҷои 4-юмро ишғол менамояд.

Дар ҷаласа ҷонибҳо барои боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот байни ду давлат ва рушди муносибатҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ дар руҳияи эътимоди мутақобила ва шарикии стратегӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар охири кори ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ санади нави дахлдор ба имзо расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2024 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд