Дар Душанбе таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергияи сабз, саноати тиббӣ — дорусозӣ, коркарди пахта, таъсиси хатсайрҳои ҳавоӣ барои ҷалби сайёҳони бангладешӣ ба Тоҷикистон 18 июл дар Душанбе дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Бангладеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Мунир- ул-Ислом баррасӣ гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои пайгирӣ ва баимзорасонии созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, баргузории вохӯрии маҷозӣ байни доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Бангладеш иброз намуданд.
Акс:Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






