Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Маркази дандонпизишкӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Маркази дандонпизишкии хусусии «Зеби инсон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, марказ аз ҷониби дандонпизишк Искандар Зикриёев бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Бинои нав бо тарҳи муосир сохта шуда, дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраи дандонсозӣ, муолиҷавӣ, ҷарроҳӣ, аксбардории дандон ва ғайра иборат буда, барои беморон шароити муосири табобати дандон фароҳам оварда шудааст.
Барои ташхиси саривақтӣ, дақиқ ва зуд муайян намудани бемориҳои стоматологӣ, табобат, пармакунӣ ва бо сифат сохтани дандон 8 таҷҳизоти нав харидорӣ гардидааст.
Дар марказ 10 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, дандонпизишкони пуртаҷрибаю соҳибкасб ба кор ҷалб шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






