Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли дору «Дорои Суғд» сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаи истеҳсоли доруи «Дорои Суғд» ва Маркази саломатии деҳоти Сирдарё идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни вохӯрӣ бо масъулини шаҳри Гулистон вусъат додани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани иншооти мазкурро таъкид намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои охир дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар шаҳри Гулистон низ соҳаи тандурустӣ рушд намуда, даҳҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавии тиббию табобатӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба маротиб беҳтар гардидааст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






