Дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд

Июль 11, 2024 10:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2024. /АМИТ «Ховар»/.10 июл дар Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» бо иштироки ғолибони озмуни стипендияи президентӣ аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода аз ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ёдовар гардида, иброз дошт, ки бо иқдомҳои ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду босавод имтиёзҳои гуногун муқаррар карда  шудааст.

Яке аз ин иқдомҳо таъсиси стипендияҳои президентӣ барои донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад, ки теъдоди онҳо 3000 ададро ташкил медиҳад.

Дар идомаи ҳамоиш ба гирандагони стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2023-2024 маблағҳои стипендия (идрорпулӣ) тақдим карда шуд.

Гирандагони стипендияи президентӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии мамлакат миннатдории самимонаи хешро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, таъкид намуданд, ки ҳамеша бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони асили Пешвои миллат хоҳанд буд ва дар рушду нумуи ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 11, 2024 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид