Дар шаҳри Истаравшан бинои таълимии ба номи Садриддин Айнӣ навсозӣ мегардад

Июль 16, 2024 14:41

ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати муҳайё намудани шароити муосири таълиму тарбия навсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Биноҳои таълимии ин муассиса ҳанӯз солҳои 40-уми асри гузашта бунёд шуда, дар ҳолати фарсудаю садамавӣ қарор дошт. Бинобар ин, дар асоси муроҷиати собиқадорони шаҳр ва ҳайати омӯзгорону падару модарони хонандагони муассисаи таълимии мазкур, лоиҳаи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 таҳия гардид, ки он аз чор ошёна иборат буда, ғунҷоиши 1200 ҷойи нишаст дар як бастро дорад.

Сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №4 бо тамоми шароиташ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ карда мешавад.

Мавриди тазаккур аст, ки аз ҳисоби масолеҳи сохтмонии биноҳои азбайнрафтаи ин муассиса дар деҳаҳои Ругунди деҳоти «Сабристон» ва Зартеппаи деҳоти «Ниҷонӣ» бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинон биноҳои нави таълимӣ низ сохта мешаванд.

АКС: Маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Июль 16, 2024 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд