Дар Суғд биноҳои иловагии Маркази клиникавии эндокринологӣ ва Маркази саратоншиносӣ сохта мешавад
СУҒД, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд сохта мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, 16 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои иловагӣ санги асос гузошт.
Бино барои 120 кат бо тамоми шароит бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад.
Дар идомаи сафар Раиси вилоят сохтмони бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғдро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Бино аз 6 ошёна иборат буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, дар бино ҳуҷраҳо барои 150 кат, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир карда мешаванд.
Раиси вилоят ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дод.
Бояд гуфт, ки фароҳамсозии шароити мусоид барои табибон имкон медиҳад, ки қабулу ташхис ва табобати беморонро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар таъмини солимии ҷомеа беш аз пеш саҳмгузорӣ намоянд.
АКС:Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






