Дар «Тоҷикфилм» рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардид

Июль 31, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Имсол маротибаи панҷум аст, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Питчинг (рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ)-ро бо иштироки коргардонҳо, филмноманависон, продюсерон ва коршиносони соҳа баргузор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, 29 июл дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар Питчинг 9 лоиҳаи синамоӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо ба таври аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ  шуданд.

Гуфта шуд, ки лоиҳаҳои муаррифишуда давоми 10 рӯзи кории тақвимӣ мавриди баррасию омӯзиши Комиссияи экспертӣ қарор гирифта, ба талаботи филмбардорӣ муносиб интихоб ва ба Шурои бадеӣ пешниҳод мегарданд.

Зимни Питчинг иштирокчиён доир ба лоиҳаҳои синамоии рӯнамоишуда ибрози андеша намуда, барои такмилу беҳтар гардидани сатҳу сифати филмномаҳо ба соҳибқаламони ҷавон маслиҳатҳои муфид доданд.

Мақсади баргузории рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ дарёфти филмномаҳо ва истеъдодҳои ҷавон барои тақвияти истеҳсолот ва филмофарӣ мебошад.

Лоиҳаҳои синамоӣ то 29 август қабул карда мешаванд. Баргузории Питчинги навбатӣ 30 августи имсол дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар назар дошта шудааст.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Июль 31, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид