Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
ДУШАНБЕ, 26.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 3 соли охир, то 1 июни соли равон дар ҷумҳурӣ 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 897 майдончаи варзишӣ бунёд гардидааст. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Шарифҷон Ҷумъазода иброз дошт, ки Кумитаи рушди маҳал тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳар деҳа ва маҳаллаи аҳолинишин, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, як муассисаи томактабӣ ва як майдони варзишӣ сохта ба истифода диҳад.
Дар ҷумҳурӣ бунёди 28 ҳазору 649 иншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳолати 1 июли соли равон 14 ҳазору 571 иншоот бо таъсиси 31 ҳазору 971 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар 7 ҳазору 946 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Ҳамчунин вобаста ба ободонӣ ва рушди маҳал дар ҷумҳурӣ иброз гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 3 миллиону 139 ҳазору 504 бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ, мевадиҳанда ва гулу буттаҳои мавсимӣ бо мақсади ободонӣ ва зебо гардонидани симои шаҳру навоҳии мамлакат шинонида шудааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






