«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2024». Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад

Июль 23, 2024 14:32

ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.

Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни он намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии вилоят муаррифӣ гардад. Инчунин мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби Ёдошти байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 23, 2024 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид