IRS: Нуқтаҳои вазнченкунӣ вайроншавии роҳро пешгирӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, шуруъ аз 1 июли соли равон дар мамлакат ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст. Ҳадаф аз пурзӯр кардани назорат на барои ҷазо дар шакли ҷарима, балки таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои мошингард мебошад.
Ба иттилои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти IRS хеле пештар барои пешгирии аз меъёр зиёд бор гирифтани ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн тадбир андешида, нуқтаҳои вазнченкуниро фаъол намуда буд.
Сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн риоя нагардидани талаботи мавҷуда, аз ҷумла қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот, вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада истодааст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ, на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк менамоянд.
Нуқтаҳои вазнченкунӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд бо мақсади ба вуҷуд наомадани ҷамъшавии шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт, аз ҳар ду ҷониб баркашидани воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки барои муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои вазнченкунии нав вақти зиёд сарф нашавад. Илова бар ин, дар нуқтаҳои мазкур пардохти ғайринақдӣ ва корпоративӣ имконпазир буда, ин омил аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза ва муҳиму саривақтист.
Таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти IRS ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ — бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт аст.
Мутобиқи моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм, вазнин, маҳдудияти мавсимии вазн ва фишор ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои мошингарди истифодаи умумӣ аз ҷониби ронандагон, аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар шудааст. Барои мошинҳое, ки борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнинро бе иҷозати дахлдор ва аломатҳои шартӣ интиқол медиҳанд, барои шахсони мансабдор аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.
Интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин бидуни сертификати воситаҳои нақлиёт, ба шахсони воқеӣ аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз яксаду бист то саду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






