Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар 35 шаҳру ноҳияҳои мамлакат намояндагиҳои худро дорад

Июль 8, 2024 17:10

ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар 35 шаҳру ноҳияҳои мамлакат намояндагиҳои худро дорад. Дар ин хусус дар ҳамоише, ки дар имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиш бо иштироки ҳайати гурӯҳи кории байниидоравии татбиқи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва нақши ҳуҷҷати мазкур дар таҳкими таъмини ҳуқуқҳои маъюбон баргузор гардид

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки шахсони дорои маъюбият аъзои комилҳуқуқи ҷомеа мебошанд. Онҳо ба мисли дигар шаҳрвандон метавонанд дар рушди устувори ҷомеа нақши муҳим дошта бошанд. Аз ин рӯ, шахсони маъюбиятдошта ба муносибати сазовор ва баробар дар ҷомеа ҳуқуқ доранд. Ҷалби ин қишри аҳолӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ вазифаи муҳимтарини ҷомеаи муосир аст.

«Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 иброз доштанд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем»»,-ёдоварӣ шуд дар ҷамъомад.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед афзуд, ки дар сиёсати иҷтимоии мамлакат амалӣ намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дорои маъюбият, пешгирӣ намудани маъюбшавии аҳолӣ ва таъмин намудани дигар тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон мавқеи муҳим дорад.

Ба гуфти Шодихон Ҷамшед, Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. 22 марти соли 2018 аз чониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба хуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шудааст.

Таъкид шуд, ки баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва тасдиқи (ратификатсияи) минбаъдаи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» ва «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» ба тасвиб расидаанд. Ҳамасола, дар партави амалишавии ҳуҷҷатҳои номбурда чӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва чӣ вазорату идораҳои марбута ва ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон бо ҷалби шарикони рушд як қатор чорабиниҳои дахлдори алоқаманд таъмини ҳуқуқҳои шахсони маъюб, аз ҷумла тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ анҷом дода шудаанд.

«Ҳамин тавр, шахсони дорои маъюбият дар ҷумҳурии мо аз тамоми ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон инъикос ёфтаанд, бархӯрдоранд»,-изҳор гардид дар ҳамоиш.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Артур ван Дизен иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки дар он ба ҳифзи эътибор, ҳуқуқу муваффақияти маъюбон диққати аввалиндараҷа дода шудааст.

Ба гуфти Артур ван Дизен, кӯшишҳои имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва шарикони рушд на танҳо ба расонидани кумак, дастгирӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои гуногун, балки ба ҳамгироии одамони маъюб ба ҷомеа нигаронида шудаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд