Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст

Июль 22, 2024 13:46

ДУШАНБЕ, 22.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси кумита Нуриддин Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Барои сохтмони ин бино музояда эълон шуда буд ва 5 ширкати сохтмонӣ дар он иштирок намуд. Аллакай барои таҳхона ва қисми аввали бино маблағ пешбинӣ шудааст, ки дар рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ дар он оғоз меёбанд», -гуфт Раиси Кумита.

Гуфта шуд, ки бино дар ҳудуди 35 садяк замин дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе сохта шуда, он аз 144 ҳуҷра иборат буда, давоми 1,5-2 соли оянда бунёд карда мешавад.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар мамлакат 101 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла, 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
Зоирҷони Тоирзод (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2024 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст