Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба вилояти Хатлон 13 электромотороллер тақдим намуд

Июль 11, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 13 электромотороллер тақдим карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон.

Дастрас намудани электромотороллерҳо ба вилояти Хатлон ҷиҳати саривақт тоза намудани партовгоҳҳои муваққатӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳои аҳолинишин ва пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои ободонию беҳтарнамоии вазъи экологӣ тибқи дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, амалӣ гардидааст.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

Июль 11, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд