Меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд

Июль 6, 2024 10:52

ДУШАНБЕ, 06.07.2024. /АМИТ «Ховар» /. 5 июл дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон, ҳайати бонуфузи Чин зери роҳбарии муовини мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, директори генералӣ ва сармуҳаррири Медиакорпоратсияи Чин «CMG» Шэн Хайсюн ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон омада, бо осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки ҳайати меҳмонон бо таъриху тамаддуни бисёрҳазорсола, дар асоси ёдгориҳои нодири Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён дар он нақши муассир доштанд, аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.

Таъкид гардид, ки диққати меҳмононро бозёфтҳо ва нигораҳои «Саразм», «Империяи Кушониён», «Панҷакенти қадим» ва гӯшаи Чин оид ба туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба худ ҷалб намуд.

Дар охир, ҳарду ҷониб ҳамчун рамзи эҳтирому дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»

Июль 6, 2024 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид