РУШДИ САНОАТ. Имсол дар Хатлон 40 корхонаи саноатӣ таъсис ёфт

Июль 18, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар вилояти Хатлон 40 корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии 343 ҷойи кор таъсис дода шудааст. Айни замон дар вилоят  841 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дорад, ки дар шаш моҳи соли равон 177 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Аз номгӯи маҳсулоти саноатии  истеҳсолшуда 145 номгӯй таъмин гардид.   13 намуди маҳсулоти саноатӣ, ки соли гузашта истеҳсол намешуд, имсол истеҳсолаш ба роҳ монда шуд, аз қабили, равғани офтобпараст, кислотаи сулфат, гаҷкартон барои шифт ва дигар намуди он.

Дар доираи  саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, саноатчиёни вилояти Хатлон дар моҳҳои январ-июни соли равон ба маблағи беш аз 5 миллиарду 18,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Дар нимаи якуми соли равон,  841 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 118 адад, коркард 655 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво, таъминоти об ва коркарди партовҳо 68 адад фаъолият намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 корхона зиёд мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд