Муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода дар чорабинии канории Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ иштирок намуд

Июль 13, 2024 08:42

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар чорабинии канории Тоҷикистон, ки дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) дар мавзуи «Аз Душанбе то Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF): истифодаи шарикӣ барои баланд бардоштани самаранокии масъалаҳои об» дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Ҳадафи асосии чорабинии мазкур ин муаррифии натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки дар доираи «Раванди оби Душанбе» аз 10 то 13 июни соли 2024 дар Тоҷикистон баргузор гардид, буд.

Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ бо қаноатмандӣ таъкид намуд, ки ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла «Раванди оби Душанбе» дар давоми ду даҳсола давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли он муттаҳид месозанд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат инчунин изҳори итминон намуд, ки натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024), инчунин раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 ва Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе саҳми назаррас хоҳад гузошт.


Чорабинии канорӣ майдони муҳимро ҷиҳати муҳокима ва пешбурди ҳалли масъалаҳои марбут ба об тавассути шарикии глобалӣ фароҳам овард.

Иштироккунандагони чорабинӣ зимни суханронӣ аз нақши боризи Тоҷикистон дар пешбарии масъалаҳои об гуфта, омодагии худро барои дастгирии мамлакат ва ташаббусҳои марбут ба оби он баён намуданд.

Нишасти мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (UNDESA), СММ-Занон (UN WOMEN), Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) ва Дафтари СММ оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб (UNOSSC) ташкил карда шуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 13, 2024 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд