Нақшаи маблағгузории иқлимии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон дар Душанбе муҳокима шуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мубориза бо тағйирёби иқлим барои рушди устувор мусоидат намуда, танҳо бо дастгирии байналмилалӣ мо метавонем, ки ба ҳадафҳои дар наздамон гузошта ноил гардем. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе оид ба «Нақшаи маблағгузории иқлимии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон: Гузариш аз банақшагирӣ ба татбиқ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи ҳамоиш муаррифии Нақшаи маблағгузории иқлимӣ ва баррасии масъалаи татбиқи он дар амал дар якҷоягӣ бо ҷонибҳои манфиатдори калидӣ буда, барои ҷумҳуриамон дар муайян намудани шарикони калидӣ барои амалӣ намудани уҳдадориҳои миллии он дар доираи Созишномаи Париж мусоидат менамоянд.
Дар ҳамоиш аҳамияти ҳамкорӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқлим таъкид гардид.
Бо баргузории чунин ҳамоишҳо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ҷонибҳои манфиатдор роҳҳои ҷалби маблағгузории иқлимиро боз намуда, пешрафтро ба сӯи ояндаи устувор суръат бахшиданд.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, директори кишварии Бонки осиёгии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шанни Кэмпбэлл, роҳбарияти вазорати молия, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок ва сухан намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд






