НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба маблағи 3 миллион сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ зимни санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ дар якчанд субъектҳои хоҷагидор қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3 миллион сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода иттилоъ дод.
Сафаралӣ Қурбонзода афзуд, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ мониторинги 20 номгӯй мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори берунӣ ва дохили ҷумҳурӣ гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Аксаран ин номгӯй ё ин ки ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи мамлакат ворид мешавад, ки сабаби болоравии нархи онҳо дар бозори ҷумҳурӣ мешавад.
Дар шашмоҳаи якуми имсол аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ 70 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 32 муассисаи тиббӣ ва 38 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, ба мувофиқа расонида шуд. Аксари нархномаҳои хизматрасонӣ аз 5 то 10 фоиз зиёд карда шуд.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 13 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродикунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо тибқи талаботи моддаҳои 16 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қарор, амрнома ва фармоишҳои хадамот оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул шуданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд






