ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 31 июли соли равон дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво, ки аз 40 то 46 дараҷа гармиро ташкил медиҳад, боқӣ мемонад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.
Ба иттилоъ манбаъ, дар водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ҳаво то 43, вилояти Хатлон 46, минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ 40, ноҳияи Дарвоз то 42 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои 24-26 июл бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вазири корҳои дохилӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳамчунин ба болоравии шадиди ҳарорати ҳаво дар мамлакат, хусусан дар вилояти Хатлон, ки аз имрӯз сар шуда, то чанд рӯзи дигар идома хоҳад дошт, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба масъулин доир ба пешгирӣ аз сӯхтору дигар ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи биною иншоот, бозорҳо ва киштзор, бахусус заминҳои ғалла аз он ва зери назорат гирифтани ҷойҳои оббозии кӯдакону наврасон дастуру супоришҳо доданд ва таъкид карданд, ки барои ҳифзи саломатӣ аз гармои шадид мардум бояд об зиёд нӯшанд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд ба сиҳатии қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан ба саломатии пиронсолон, кӯдакон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки дорои бемориҳои музмин мебошанд, таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд.
Дар робита ба ин директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаётии солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рабиева иброз намуд, ки саломатии инсон то андозае аз ҳаво вобастагӣ дорад, ки дар ҳолати аз ҳад зиёд гарм шудани ҳарорати ҳаво ва чангу ғубор метавонад боиси бемориҳои мавсимӣ, аз қабили дилу рагҳо, диққи нафас, диабети қанд, фишорбаландӣ, дар ҳолати истеъмоли маҳсулоти хунук гирифтори бемории илтиҳобу шуш ва дигар маризиҳо гардад. Нафароне, ки дар ҳарорати баланд аз бемориҳои мазкур ранҷ мекашанд, бояд ба сиҳатии худ зиёдтар аҳамият дода, аз рӯйи маслиҳати табибон амал намоянд.
Ба гуфти Дилафрӯз Рабиева, дар фасли тобистон кӯдакон зиёд ба бемориҳои дарунравӣ гирифтор мешаванд. Агарчӣ яке аз сабабҳои ба чунин беморӣ гирифтор шудани кӯдакон ин риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенӣ бошад, аз тарафи дигар ин зиёд нӯшидани обҳои хӯнук ва истеъмоли меваю сабзавоти ношуста аз ҷониби кӯдакон мебошад. Дар ин рӯзҳо кӯдакон бояд оби ҷӯшонидашуда бештар истеъмол намоянд. Ҳамчунин дуру дароз зери шуои сӯзони Офтоб истодан зарар дошта, ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо дар он, инчунин дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад. Дар ин рӯзҳо бояд ҳуҷраи кор ва хонаашонро салқин нигоҳ дошта, дар давоми рӯз пардаҳои хонаро маҳкам пӯшанд, хусусан ҳуҷраҳое, ки дар тарафи офтобрӯяанд. Тирезаҳоро шабона кушода мондан лозим аст, агар ҳаво шабона салқин бошад. Инчунин шамолдиҳакҳои барқӣ метавонанд то андозае ҳарорати хонаро муътадил нигоҳ доранд, лекин агар ҳарорати ҳаво зиёда аз 35 дараҷа бошад, он наметавонад сабаби пешгирии бемориҳое, ки ба ҳарорати баланди ҳаво рабт доранд, гардад. Набояд фаромӯш кард, ки нӯшидани мунтазами нӯшокиҳо, махсусан об, оби ҷӯшонидашудаи хунуккарда, дар ин ҳолат бисёр муҳим аст. Лекин аз нӯшокиҳои ширин, қаҳва ва спиртдор худдорӣ намудан зарур мебошад.
Дилафрӯз Рабиева таъкид намуд, ки инсон бояд дар чунин рӯзҳо сарулибоси сабуки аз матои табиӣ дӯхташударо ба бар намояд. Истеъмоли таоми сабук тавсия дода мешавад. Камтар ва тез-тез истеъмол намудан лозим аст.
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои гарми тобистон ҳар як шахс бояд саломатии худ ва наздиконро эҳтиёт намояд. Чунки инсон ҳамчун объекти биологӣ шароити муайяни фаъолияти организмро дорад. Ҳарорати ҳаво низ нишондоди муҳими физикӣ мебошад, ки дар ҳошияи муайяни ин нишондиҳанда организми инсон метавонад ба таври дуруст фаъолият кунад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Дар Душанбе даври сеюми Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд
«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ШУКУФОИИ ВАТАН». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми 6-уми «Сарварони ҷавони эҷодкори Осиёи Марказӣ ва Русия» иштирок менамоянд
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расид
Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мегардад
Душанбе мизбони Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?






