Олимони Чин бо фаъолияти расадхонаҳои Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Олимони Расадхонаи астрономии Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин доктор Чен Син Мин ва Шен Чао ба расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон рафта, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва расадхонаҳои астрономии Ҷумҳурии Мардумии Чин тӯли чанд сол аст, ки ҳамкорӣ менамоянд. Дар ду соли охир ҷонибҳо пайваста аз расадхонаҳои ҳамдигар дидан намуда, ҷиҳати рушд додани соҳа ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ табодули таҷриба менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона марказе мебошад, ки дар он ба тадқиқоти фазои кайҳонии наздизаминӣ машғул ҳастанд. Барои ин дар институт асосҳои назариявӣ ва таҷрибавӣ мавҷуданд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар Институти астрофизика ҳамкории байналмилалӣ густариш ёфта, дастовардҳои институт дар арсаи ҷаҳонӣ баланд гашта истодааст. Соли 2018 олимони тоҷик якҷоя бо олимони Словакия, Русия, Украина, Арманистон, Чин дар расадхонаҳои Тоҷикистон мушоҳидаҳо гузаронида, аз рӯи натиҷаҳо мақолаҳои муштарак нашр намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






