Шаҳри Магдебурги Олмон мизбони Мусобиқаи варзишӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар шаҳри Магдебурги Олмон Мусобиқаи варзишӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Дар он Раиси Парлумони музофоти федеролии Саксония-Анҳалт Гуннар Шелленбергер, сафирони як қатор мамлакатҳои хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо «German Global Trade Forum Berlin», шабакаи тиҷоратии Дӯстони Шабакаи соҳибкорони «H4 Racing Club» ва ширкати «Wettstar» ҳамчун сарпарасти пойга дар масофаи 1300 метр ба ғолибон мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Чорабинии мазкур зиёда аз 3000 тамошобинро ҷамъ намуд, ки дар қатори онҳо намояндагони доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва соҳибкорони замини федеролии Саксония-Анҳалт низ иштирок доштанд.
Мусобиқа таҳти шиори «Хуш омадед ба боми ҷаҳон. Тоҷикистонро бубинед, таҷриба кунед ва лаззат баред» баргузор шуда, ба ҳозирин имкон дод, ки дар бораи Тоҷикистон, бахусус иқтидор ва имконоти сайёҳии он бештар маълумот пайдо кунанд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов аз ҳозирин даъват намуд, ки ба Тоҷикистон оянд ва бо таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон шинос шуда, ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратиро ба роҳ монанд.
Дипломати тоҷик илова намуд, ки мусобиқаи мазкур дар иду ҷашнвораҳои Тоҷикистон баргузор гардида, мақоми варзишии миллиро дорад.
Инчунин таъкид гардид, ки солҳои охир пойгаи аспдавонӣ бештар маъруфият пайдо карда, шаҳри Душанбе бо шарофати талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ба маркази рушдёфтаи ин намуди варзиш табдил ёфтааст ва сазовори таваҷҷуҳи хоси ҳаводорон гаштааст.
Зимни чорабинӣ ҳамчунин суҳбати Сафири Тоҷикистон бо Раиси Ландтаги (Парлумони музофоти федеролӣ) Саксония-Анҳалт Гуннар Шелленбергер баргузор гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон









Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид






