«ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти ин унвон дар Хатлон то ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешавад

Июль 24, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 24.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор шуд, ки он бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ташкил гардид. Чорабинӣ таҳти ин унвон аз 16 июл оғоз ёфта, то 6 сентябри соли равон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоят идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Мавриди тазаккур аст, ки ин чорабинии фарҳангию фароғатӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити истироҳату фароғат барои сокинон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии онҳо мебошад.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иштирок доштанд.

Меҳмонон нахуст намоиши ҳунарҳои мардумии аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳоро тамошо карда, ба ҳунару маҳорати ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат, мардуми шарифи Тоҷикистон иду ҷашнҳои милливу давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд. Зеро Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз неруҳои созандаи сиёсиест, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба арсаи сиёсат ворид шуда, бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инчунин ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ҳидоят намудани мардум саҳми муносиб дорад. Мақсаду мароми ҳизб аз ҳадафҳои ояндасози Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, бо амалӣ намудани ташаббусҳои созанда ва ҳадафҳои барномавӣ ва ҳамзамон таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ, ғояҳои соҳибистиқлолӣ миёни мардум маҳбубият пайдо карда истодааст.

Дар идома аз ҷониби аҳли ҳунари шаҳри Бохтар ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» дар васфи Истиқлолияти давлатӣ, Ватан, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои мамлакат барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

АКС: Кумитаи иҷрои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон дар вилояти Хатлон

Июль 24, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад