Шурои Фонди иқлими сабз аккредитатсияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зистро тасдиқ намуд

Июль 18, 2024 16:46

ДУШАНБЕ, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 39-и Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз, ки дар шаҳри Инчхони  Ҷумҳурии Корея  15–18 июл баргузор гардид, 18 июл Созишнома дар бораи аккредитатсия байни Фонди иқлими сабз ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром ва Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз хонум Мафалда Дуарте ба имзо расид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Дар доираи ҷаласа ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ — Бонки исломии рушд, Бонки рушди Нигерия, Фонди маблағгузории Мердиам ва Комиссияи Уқёнуси Ҳинд аккредитатсияи Фонди мазкурро дар баробари Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зист дастрас карданд.

Аккредитатсия ба Марказ имконияти дастрасӣ ба маблағҳои грантии фонди мазкур ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ дар самти коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро пешкаш менамояд. Гирифтани аккредитатсия аз Фонди иқлими сабз муҳим мебошад, зеро тибқи қоидаҳои фонди мазкур танҳо муассисаҳои аккредитатсияшуда ҳуқуқ ва дастрасӣ ба маблағҳои грантии аз ҷониби ҷумҳурӣ барои мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлимро доранд. Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони дастрасии мустақим ба чунин маблағҳоро пайдо кард. Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумита аввалин ташкилоти миллӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки аккредитатсия аз Фонди иқлими сабз барои дастрасии мустақим ба маблағгузории ин фондро гирифтааст.

Фонди мазкур унсури муҳим барои татбиқи Созишномаи Париж оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва бузургтарин фонди иқлимӣ дар ҷаҳон аст, ки барои дастгирии мамлакатҳои дар ҳоли рушд дар амалӣ намудани Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC), инчунин татбиқи ҳадафҳои дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.

Айни замон ҳаҷми умумии лоиҳаҳои тасдиқгардида аз ҷониби Фонди иқлими сабз барои татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби давлатҳои дар ҳоли рушд пешниҳодгардида 11,4 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Фонди иқлими сабз соли 2010 тибқи қарори Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) бо мақсади дастгирии кӯшишҳои давлатҳои  дар ҳоли рушд барои вокуниш ба таҳдидҳои тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 18, 2024 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад