СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад

Июль 18, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки дар ҷаҳон чизе муфт ба даст намеояд. Танҳо ҳамон вақт табиат моро ҳифз мекунад, ки мо онро ҳифз намоем, танҳо ҳамон вақт табиат моро дӯст медорад, ки мо онро дӯст дорем, зеро ишқ, эҳтиром, муҳаббат ҳамеша ҳосили ду ҷониб аст, чуноне, қарсак аз ду даст аст, ҳатто дар мавриди муносибати инсон бо ҷаҳон, замон ва бо табиат ҳам. Яке, аз масъалаҳои мубраму ҳалталаби сайёра ва инсоният, ки сол то сол бонги изтироб дар атрофи он бештар зада мешавад, масъалаи ҳифзи табиат аст. Тамоми мамлакатҳои дунё, инсонҳо, давлатҳову ҳукуматҳо имрӯз дар сайёраи Замин ҳарчи бештар эътироф мекунанд, ки наҷоти инсоният ва ояндаи он дар дасти раҳоӣ аз хатарҳои экологӣ ва фоҷиаҳои мудҳишест, ки аз тороҷи сарватҳои заминӣ, риоя накардани муносибати неку дурбинона бо табиат рӯ мезананд. Чунин ибрози андеша намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло вобаста ба тағйирёбии иқлим ва рух додани офатҳои табиӣ. Дар идома мақола мавсуф чунин изҳори андеша намудааст:

— Беҳуда нест, ки ахиран ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли равон таҳти сарварии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мубрами рӯз- ҳифзи табиат ва саҳмгузорӣ дар кабудизоркунии мамлакат бахшида шуда буд.

Дар ин ҷаласа дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуда, анедешаҳову раҳнамоиҳои фаврии Пешвои миллатамон баён гардиданд.

Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.

Барномаи давлатӣ тасдиқ гардид ва Президенти муҳтарам ба вазорату идораҳои дахлдор ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои татбиқи пурсамари он тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, аз ҷумла, таъкид гадид, ки шумораи хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар ҷумҳурӣ зиёд ва самараи кори онҳо беҳтар карда шаванд.

Сарвари мамлакати тоҷикон сиёсати сарсабзгардонии муҳити табиати ҷумҳуриро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари кори давлат омадани худ оғоз карда буданд ва мо мебинем, ки то имрӯз он муваффақона идома дорад.

Мо ёд дорем, ки ҳатто дар он рӯзҳои хеле гарони оғози истиқлолияти давлатӣ, ки бархӯрду муборизаҳои гурӯҳҳои ғаразноку ҳукуматхоҳ хеле афзуда буду вазъияти хеле мушкили сиёсиву харобиҳои иқтисодро ба вуҷуд овард; дар он рӯзҳое, ки мардум як пора нони хӯрданиро ба мушкилиҳо меёфтанд.., ҳатто дар он рӯзҳо Сарвари ҷавони мамлакати мо ҳама мардумро ба ҳашари ниҳолшинонӣ даъват намудаву худ дар сафи аввал ба замини Тоҷикистони соҳибистиқлол ниҳолҳои сабз шинониданд. Албатта, ин иқдом ҳам амалан ва ҳам маънаван чандин рамзи бузург дошт: аз ватандӯстиву зебоипарастӣ то ба ҳадафҳои баланди пайгирии рушду ривоҷи ҷумҳурӣ, сулҳу амонӣ дар он. Ҳосили ин сиёсат ва иқдомҳои ватандӯстонаву табиатдӯстӣ, заҳматкориву зебоипарастиро мо имрӯз мебинем; мебинем, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо сол то сол зеботару шукуфотар мегардад ва ин пешрафту инкишоф ҳама соҳаҳоро фаро гирифта, диққати аҳли ҷаҳон ва муҳаббати онҳоро ба сарзамини мо торафт, афзунтар мегардонад.

Аммо имрӯз чунон ки дар боло гуфтем, вазъи экологии сайёра ҳама ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Сол то сол фоҷиаҳои экологии табиат дар сайёра рӯ ба афзоиш гузошта, одамизотро во доштааст, ки дар сари пешгирии онҳо, роҳ надодан ба ин зуҳуроти фоҷиабор андешаҳо кунад.

Дар Тоҷикистони азизи мо ин фоҷиаҳои экологӣ бештар дар хурӯҷи селҳои ваҳшатбор, ки боиси харобии замини кишт ва манзилҳои зисти мардумон гардида, зиёнҳои гарони иқтисодӣ ва ҳатто талафоти ҷонӣ ба бор меоранд, ба зуҳур омадааст.

Дар хусуси сабабҳои омадани селҳои кӯҳистон банда бори дигар ҳам дар саҳифаҳои АМИТ «Ховар» баёни андеша карда будам. Имрӯз акнун пӯшида нест ва аксари мардум ҳам медонанд, ки яке аз сабабҳои асосии зиёд омадани селҳо солҳои охир аз урёнии кӯҳҳову пуштаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ рӯ мезананд. Чаро дар гузашта, ҳатто агар замони бачагиҳои худро ба ёд орем, теъдоди селҳо камтар буданд? Агар як назаре ба навиштаҳои сайёҳони ин сарзамин дар асрҳои 18–19 биандозем, маълумамон мешавад, ки тамоми кӯҳу водии ин сарзамин, ҳудуди Мовароуннаҳр ҷангалзору сабзу хуррам будааст.

Ҳатто 40-50 сол пеш дар замони кӯдакии мо, вақте, ки авулҳои деҳаи мо дар манзилҳои Кӯли калон ва дигар манотиқи кӯҳистон дар мавсими тобистон ба тақозои чорводорӣ мерафтанд, мо кӯдакон ёд дорем, ки дар ҳудуди даҳҳо километр ин кӯҳҳоро ҷангалҳои хеле зичи анбӯҳе фаро гирифта буданд. Ин ҷангалҳо то ҷойе анбӯҳ буданд, ки ҳангоми гузаштан аз пайроҳаҳо кас одами як-ду қадам аз пеш меомадаро намедид. Аммо, дареғо, ки имрӯз бо гузашти солҳо аз он ҷангалҳо қариб ки нишоне намондааст. Ҷангал то ҷойе харобу валангору нобуд шудааст, ки аз арчае то арчаи дигар ва ё аз буттае то буттаи дигар даҳҳо метр фосилаи холигоҳ пайдо шудааст. Яъне, ки мардум барои ҳоҷатҳои рӯзгори худ пайваста ҷангалро ба нестӣ расониданд. Зеро тамоми сӯзишворӣ ва маводи сохтмони мардуми деҳот тӯли садсолаҳо ҳамин ҷангалҳои кӯҳистон, ҳамин бурсҳову дарахтони он буданд. Ҳарчанд, ки кӯҳҳои мо дар ҳама манотиқ пуропур аз маводи сӯзишвории ангиштсанг мебошанд.

Дигар ин ки ҳангоми солимии ҷангал атрофу акноф пур аз гулҳову гиёҳҳои гуногуну нодир буданд, сари ҳар санге кабки дарӣ месуруду марғи ҳилол наво сар медод, харгӯшакон беибо аз пеши роҳатон давида мегузаштанд. Аксари намуди ҷонварон аз оҳуву нахчир то хирсу палангу гургу рӯбаҳ дар ин ҷо мезистанд.

Банда худ дар кӯдакиям, яъне 50-55 сол пеш бо рафиқонам субҳи барвақт, ҳангоми рафтан ба овуламон хирсро дар он сӯйи дарёча ба чашми худ дидаам, ки аз пайроҳа боло мерафт. Кунун аз ин ҳама ному нишоне нест.

Сабаби сарсабзии атрофу акноф он замон дар он буд, ки ҳар бурс ва ё арчаи кӯҳистон дар решаҳои худ миқдори бузурги обро (то як тонна) нигоҳ медорад ва табиист, ки боиси сабзишу шукуфоиҳои табии атроф мегардад.

Ҳамин ҷангалҳо буданд, ки пеши роҳи селҳоро мегирифтанд. Барои фаҳмотар шудани сухан далеле меорам. Мамлакатҳои аврупо низ кӯҳистон доранд ва бориши борон дар онҷо чанд карат бештар аз мост, аммо чаро дар онҳо сел намеояд? Боре, ҳангоми истироҳати эҷодӣ дар Истироҳатгоҳи адибони шуравӣ дар Юрмала (Литва) мушоҳида кардам, ки тӯли чанд рӯзе, ки будам пайваста шабу рӯз борон меборид. Аммо аҷабо, чаро селе намеомад? Хеле одӣ, ҳамин ҷангалзори анбӯҳ ва сабзаҳои қавии аторфи дарахтон намегузоранд, ки оби борон ба қаъри хок рафта, хокро бардоштаву сел созад, оби борон ба болои сабзаҳо ва аз он ба ҷӯйборҳо ҷорӣ гашта ҳамон сон софу зулол ҷорӣ мегарданд. Ҷангалзорҳои беҳудуди манотиқи кӯҳистони Аврупо далели гуфтаҳои моянд. Аммо дар кӯҳистони беҷангалу бесабзаву урёни мо имрӯз як борони сахт метавонад селҳо хезондаву фалокатҳо ба бор орад.

Сабаб ва ҳадафи навиштани мақолаи мазкур ҳам ҳамин аст, ки агар имрӯз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон дар мавриди ниҳолшинонии умумӣ ва кабудизоркунии холигоҳҳо, пуштаву адирҳо ва кӯҳистони ҷумҳурӣ аз ҷониби тамоми манотиқ, ҳар як деҳа ва ҳар як нафари мо дастгирӣ шавад, ҳарчи зудтару бештар мо ҷангалҳои таърихии сарзамини худамонро барқарор метавонем кард. Ташаббус ва супоришҳои Пешвои миллатамон дар мавриди ниҳолшинонӣ дар чанд соли охири замони соҳибистиқлолӣ, натиҷаҳои он далеланд, ки Тоҷикистон пайваста хурраму сарсабзтар мегардад. Таъсиси ҳарчи бештари муассисаҳои қаламчаву ниҳолпарварӣ бо супориши Президентамон дар саросари мамлакат боз ҳам бештар ба ин мусоидат хоҳад кард.

Дар ин маврид мо худамон бояд дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллатамон ташаббускор бошем. Боре хонда будам, ки дар Ҷопон ба ҳар нафар шаҳрванд иҷозат дода мешавад, ки соле як маротиба дар арафаи Соли нав арчаеро аз ҷангал бурида ба хона орад, аммо ӯ бояд ҳар сол дар бадали арчаи буридаи худ дар фасли ниҳолшинонӣ даҳ дона ниҳоли арча дар ҷангал шинонад. Чунин аст, ки теъдоди ҷангалзори ин мамлакат ҳаргиз коста намегардад.

Аз ин рӯ, ҳифзи табиат, ки сарчашмаи асосии ҳаёти инсон дар рӯи замин аст, бар алайҳи табоҳкориву зиёдаравиҳоямон бо табиат, танҳо дар сурати ғамхориву дарки баҳову қиммати он ва заҳматҳои дастҷамъонаи мо метавонад имкон дошта бошад.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Июль 18, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Деҳқононро мебояд аз барфҳои рӯзҳои охир самаранок истифода намоянд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар минтақаи Дараи сабзи ноҳияи Шаҳристон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст