Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 50 муштарӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар Хоруғ иштирок намуданд. Зимни он ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба хизматрасонӣ ба мизоҷон, инкишофи шабака ва таъмини сифати баланди алоқа дар минтақаи аз ҳама баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ки дар он анҷоми корҳои бунёдгузорию сохтмонӣ ниҳоят мушкил аст, маълумот расонида шуд.
«Қаблан ман умуман фикр намекардам, ки ҳангоми анҷоми занг чӣ ба амал меояд. Шумо рақамро мегиред ва ҳамагӣ пас аз якчанд сония ба шумо аз гӯшаи дигари ҷумҳурӣ ё аз худи хориҷа ҷавоб медиҳанд. Имрӯз ба мо фаҳмониданд, ки то чӣ андоза сигнали алоқа дар ин ҳангом «роҳи душворро тай мекунад». Вохӯрӣ хеле муфид буд. Агар муштариён доир ба тарзи фаъолияти шабакаи мобилӣ маълумоти кофӣ дошта бошанд, саволҳои зиёд низ ба миён намеоянд. Шахсан ман акнун аз он, ки ҳамсуҳбатам сонияе дертар ба занг ҷавоб медиҳад, нигарон намешавам»,- аз таассуроти худ мегӯяд сокини Хоруғ Афзалшоҳ.
Барои иштирокчиён шунидани маълумот доир ба он, ки чӣ тавр оператор шабакаро дар баландии кӯҳҳо бунёд менамояд, хеле ҷолиб буд. Дар Помир роҳҳо каманд ва баъзан зарур меояд, ки таҷҳизот ба ҷои лозимӣ бо чархбол расонида шавад. Барои беҳтар намудани сатҳи фарогирӣ дар нуқтаҳои хурди аҳолинишин бошад, хатҳои нахӣ-нурии алоқа аз паҳлуи кӯҳҳо, ки ба сигнали пойгоҳҳои базавӣ дар қишлоқҳои ҳамсоя монеъ мешаванд, гузаронида мешаванд.
«Вақте чунин тафсилотро намедонӣ, ба назар ҳамааш хеле осон менамояд. Лекин дар асл алоқаи босифат захираҳои зиёди ҳам молиявӣ ва ҳам инсониро тақозо мекунад», — мегӯяд сокини шаҳри Хоруғ Умед.
Вақте сухан дар бораи хизматрасонӣ ба мизоҷон гуфта шуд, барои иштирокдорон ҷолиб он буд, ки чаро МегаФон Тоҷикистон диққати асосиро ба онлайн-машваратҳо ҷалб менамояд. Намояндагони ширкат шарҳ доданд, ки бо ин усул метавон бе навбатҳои тӯлонӣ ба теъдоди бештари мизоҷон кумак расонид. Меҳмонон инчунин бо мароқи зиёд доир ба имконияти мустақилона ҳал кардани масъалаҳои мобилӣ маълумотро гӯш карданд.
«Ҳеҷ вақт дар фикри он набудам, ки замимаи «МегаФон Life» чӣ миқдор хизматрасониҳо дорад. Дар он ҳатто метавон тарофаҳоро иваз кард, тавозунро пур намуд ва тариқи «Ҳамён» маблағро интиқол дод. Яъне тамоми он кореро анҷом дод, ки барои ман одатан лозим меояд. Ҳаракат мекунам, ки замимаро беҳтар омӯзам, ин аз муроҷиаткунӣ бо ҳар масъала ба оператор ба маротиб осонтар аст», — изҳор дошт сокини ноҳияи Шуғнон Ниёзбегим.
Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раим Садоншоев мегӯяд, ки вохӯриҳо бо муштариён ба мо имкон медиҳанд, ки масъалаҳои аз ҳама нигаронкунандаи онҳоро бифаҳмем. Зеро паси ҳар савол вазифаест, ки мо бояд онро иҷро намоем, то ки доимо интихоби беҳтарини сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бимонем. Дар баробари ин, хеле муҳим аст, ки ба онҳо доир ба корҳои худ дар самти такмили сифати алоқаи овозӣ ва интернети мобилӣ дар минтақаи кӯҳӣ маълумот пешниҳод намоем. Суҳбати кушоду озод имкон медиҳад, ки якдигарро беҳтар бифаҳмем.
Топ-менеҷерони ширкат вохӯриҳоро бо муштариён идома хоҳанд дод. Дар навбат – вилоятҳои Суғд ва Хатлон.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






